• Рушди 33 дарсадии содироти нафти Эрон ба Ҷопон

Эрон дар соли 2016 бо рушди беш аз 33 дарсадии содироти нафт ба Ҷопон, дар ҷойгоҳи чаҳорумин таъминкунандаи нафти ин кишвар қарор гирифт.

Ба иттилои Ирно, Эрон дар соли 2016 дар муқоиса бо соли пеш аз он, беш аз 227 ҳазор бушкаи нафт дар рӯз ба Ҷопон содир кардааст .

Бар асоси ин гузориш, Эрон ҳамакнун ҳудуди 7 дарсад аз воридоти нафти Ҷопонро таъмин мекунад .

Кишварҳои осиёӣ муҳимтарин бозори нафти Эрон ҳастанд ва дар даврони таҳрим, се кишвари Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба ҳамроҳи Ҳинду Туркия аз харидорони маҳдуди нафти Эрон буданд, ки пас аз иҷрои БАРҶОМ (барномаи ҷомеи иқдоми муштарак) ва рафъи таҳримҳо, ба хариди нафт аз Эрон идома доданд .

Мизони тавлиди нафти Эрон акнун рӯзона ба ҳудуди чаҳор миллион бушка расидааст .

 

Феврал 13, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
Назарҳо