Маркази доимии намоишгоҳҳои маҳсулот ва хадамоти эронӣ ба номи "Алмос" дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ин намоишгоҳ, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон қарор гирифта, бо ҳузури ҳайате аз сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷамъе аз тоҷирону бозаргонон ифтитоҳ шуд. Рамазон Мирзоев, сафири пешини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Абдулфайз Атоев, сухангӯи пешини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ дар ин маросим ҳузур доштанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе пас аз ифтитоҳи ин марказ зимни боздид аз ғурфаҳо аз ҷузиёти ҳамкории ширкатҳои эронӣ, наҳваи ирсоли колоҳо ва хадамоташон ба Тоҷикистон огоҳ шуд. Ин ширкатҳо дар заминаи таҷҳизоти сохтмонӣ, маҳсулоти ғизоӣ, дору, қолин, санъати кафш ва бархе тавлидоти саноатии дигар фаъолият доранд.

Ба гуфтаи Абдурризо Муҳаммадӣ, мудири ин маҷмӯа, дар ҳоли ҳозир 24 ширкат дар ин маркази тиҷорӣ ҳузур доранд, ки дар оянда теъдоди онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

 

Май 16, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
Назарҳо