Вазири хориҷаи Эрон гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ наметавонад ба баҳонаи боздид ва бозрасӣ, аз асрори Эрон огоҳ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе, пас аз вуруд ба фурӯдгоҳи Сочии Русия, дар бораи боздиди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз марокизи низомии Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси протоколи илҳоқӣ ва Барҷом, маконҳое, ки имкони фаъолитҳои ҳастаӣ дар он вуҷуд дорад, бозрасӣ мешавад.

Зариф афзуд, ҳамон гуна, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ борҳо эълом карда, Эрон дар заминаи “надоштани фаъолиятҳои эъломнашуда” ба дурустӣ амал кардааст.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамоҳангии Эрон ва Русия дар мавзӯи тавофуқи ҳастаӣ гуфт, Русия аз Барҷом ҳимоят кардааст ва ду кишвар аз мавозеи якдигар дар созмонҳои байналмилалӣ ва равобити чандҷониба ҳимоят мекунанд.

Зариф дар бораи ҳамкории Эрон ва Русия дар минтақа низ гуфт, ду кишвари Эрон ва Русия тавонистанд бо кӯмак ба суриҳо, террористҳоро ақиб биронанд ва бо ҳамкории хуби Теҳрон ва Маскав вазъияти Сурия беҳбуд ёфтааст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе барои сафари якрӯза ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти Русия дар бораи муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ба Сочии Русия рафт.

 

Сентябр 13, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо