• Дидори Зариф ва Путин дар Сочи

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси ҷумҳурии Русия дар шаҳри Сочи дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф асри чаҳоршанбе бо Владимир Путин дар шаҳри Сочи дидор ва дар бораи равобити дуҷониба, буҳрони Сурия, вазъияти тавофуқи ҳастаӣ ва таҳаввулоти минтақаи Ховари Миёна бо ӯ ройзанӣ кард.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Русия ва ройзанӣ дар бораи муҳимтарин таҳаввулоти минтақа ба Русия сафар кардааст.

Ба гуфтаи Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтугӯҳои мақомоти Эрон ва Русия гоме дар масири ҳамкориҳои бештар ва роҳбурди ду кишвар барои барқарории амният дар минтақа ва мубориза бо терроризм аст.

 

Сентябр 13, 2017 20:46 Asia/Dushanbe
Назарҳо