• Амрико фурӯши ҳавопаймо ба Эронро мамнӯъ кард

Дар идомаи талоши қонунгузорони амрикоӣ барои эҷоди монеъ дар тиҷорат бо Эрон, маҷлиси намояндагони ин кишвар ба мусаввабае раъй дод, ки бар асоси он он аз фурӯши ҳавопаймо ба Эрон ҷилавгирӣ мешавад.

Ба гузориши сайти хабарии Ҳил, маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо тасвиби мусаввабае фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба Эронро дар ҳоле мамнӯъ кард, ки бархе аз намояндагони демократ ҳушдор дода буданд, ин иқдом тавофуқи БАРҶОМ-ро тазъиф хоҳад кард.

Питер Роском намояндаи ҷумҳурихоҳи амрикоӣ ду замима барои қонуни будҷаи давлати Амрико барои соли 2018 ироа карда буд, ки ба таври хос, истифода аз манобеи молӣ барои муҷоз кардан мубодилоти молии марбут ба фурӯши ҳавопайморо мамнӯъ мекунад ва идораи контроли дороиҳои хориҷии вазорати хазонадории Амрикоро аз судури муҷаввиз ҷиҳати фурӯши ҳавопаймо ба Эрон манъ мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси БАРҶОМ, таҳримҳои зидди Эрон бояд ба таври комил лағв шавад, аммо Амрико ҳамвора ононро ҳифз кардааст.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як (Русия, Чин, Бритониё, Фаронса, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст ва давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар масири иҷрои БАРҶОМ монеътарошӣ мекунад.

Сентябр 14, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
Назарҳо