• Таъкиди Эрон ва Русия бар густариши муносибот дар ҳамаи арсаҳо

Равобити Эрон ва Русия дорои зарфиятҳои гуногун аст ва мақомҳои ду кишвар мӯътақиданд, равобити мавҷуд метавонад пешрафтҳои бештаре дошта бошад.

Муҳаммадҷаводи Зариф вазири хориҷаи Эрон асри чаҳоршанбе пас аз дидор бо Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар шаҳри Сочи ба хабарнигорон гуфт, дар сафараш ба Сочи ва гуфтугӯ бо раиси ҷумҳурии Русия таъкид шуд, Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ғайриқобили музокира ва як тавофуқи ҳамаҷониба байналмилалӣ аст ва ҳамаи тарафҳо бояд ба БАРҶОМ мутааҳҳид бошанд.

Зариф ҳамчунин тасреҳ кард, ҳамкории хубе байни Эрон ва Русия барои эҷоди оромиш дар Сурия вуҷуд дорад, ки умедворем дар нишасти музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, муваффақиятҳои бештаре барои барқарории оромиш ва шурӯи раванди сиёсӣ дар Сурия ба даст ояд.

Бахши қобили таваҷҷуҳе аз равобити Эрон ва Русия дар солҳои охир бар ҳаллу фасли масъалаи ҳастаии Эрон маътуф шуда буд, аммо акнун сатҳи муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии миёни ду кишвар ба вижа баъд аз БАРҶОМ нишон медиҳад иродаи мақомҳои Эрон ва Русия бар иртиқои равобит қарор дорад.

Доктор Маҳмуд Шурӣ, мудири гурӯҳи мутолиоти Евразия ва пажӯҳишгари аршади масоили Русия, дар гуфтугӯ бо ИРАС мегӯяд, бо зерсохтҳое, ки дар се соли охир дар равобити Эрон ва Русия эҷод шуда, агар бархе зарфиятсозиҳо дар дохил эҷод шавад, дар оянда метавон шоҳиди робитаи босубот ва ҷиддитар байни ду кишвар буд.

Навъи нигоҳи давлати Русия ба Эрон ба вижа дар давраи Путин ва алоқаи вай дар баҳси ҳамкорӣ бо Эрон сабаб шуд, Маскав дар сиёсати хориҷии худ таваҷҷуҳи хоссе ба равобит бо Эрон нишон диҳад. Дар ин росто нақши Эрон ба унвони яке аз бозигарони муҳим барои таомулоти дуҷониба ва ҳамкориҳои роҳбурдӣ, мавриди таваҷҷуҳи Маскав қарор дорад.

Сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия ва дидори Путин бо мақоми муаззами Раҳбарӣ низ нишон медиҳад, ки иродаи ду тараф мубтанӣ бар густариши муносибот дар сатҳҳои олӣ аст.

Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар дидори Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав марти гузашта, Эронро ҳамсояи хуб, шарики босубот ва мутмаин барои кишвараш донист. Вуруди Эрон ва Русия ба ҳамкорӣ дар саҳнаи таҳаввулоти Сурия аз муаллафаҳое аст, ки равобити Эрон ва Русияро вориди марҳалаи ҷадиде кардааст. Акнун мақомҳои ду кишвар дар ҳоли ройзанӣ бо якдигар ҳастанд ва рафту омадҳои байни ду кишвар низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Теҳрон ва Маскав дар гуфтумонҳои сиёсӣ амалан нишон додаанд, ки ба думболи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи муассир дар мавзӯъоти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва ҳалли сиёсии буҳронҳои минтақа ҳастанд.

Дар ҳавзаи ҳамкориҳои роҳбурдии иқтисодии чандҷониба низ бо иҷроӣ шудани роҳгузари Шимол–Ҷануб, нақши Эрон ва Русия аз ҷойгоҳи транзитии муҳиме бархурдор шудааст.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, фурсатҳои хубе дар заминаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ва дуҷониба барои тавсиаи равобити ду кишвар вуҷуд дорад ва Эрон ва Русия бар истифодаи матлуб аз ин фурсатҳо таъкид доранд.

 

Сентябр 14, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо