• Ҳушдори ВУХ-и Эрон ба Трамп

Вазорати умури хориҷии Эрон навиштаҳои тавҳиномези раисҷумҳури Амрико зидди мардуми Эронро дар “Твиттер” маҳкум кард ва ба ӯ дар бораи дахолат дар умури Эрон ҳушдор дод.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи исрори Трамп ба навиштани паёмҳои твиттерии мудохилаҷӯёна дар умури Эрон ва тавҳин ба эрониён гуфт, мавзеъгириҳои комилан ошуфтаи Трамп дар бораи эрониён мавзӯи ҷадид нест. Қосимӣ афзуд, Трамп, ки ахиран, эрониёнро миллати террорист номида, бо ба кор бурдани номи сохтае барои Халиҷи Форс хашми эрониёнро дар саросари ҷаҳон барангехта буд, инак бо баҳонаи дилсӯзӣ барои мардуми Эрон ба миллате бо фарҳанги ғании чандинҳазорсола ва таъсиргузор тавҳин мекунад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ба Трамп тавсия кард, ба ҷойи дахолат дар умури дигар кишварҳо гуфтору кирдори некро сарлавҳаи кор худ қарор диҳад. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кард, Трамп беҳтар аст, ба ҷойи ҳадар додани вақти худ барои ирсоли паёмҳои твиттерии беҳуда ва тавҳиномез дар бораи дигар миллату кишварҳо каме ба масоили дохилии кишвари худ ва мавзӯоте монанди қатли рӯзона даҳҳо нафар дар даргириҳои мусаллаҳона ва вуҷуди миллионҳо бехонумону гурусна дар Амрико бипардозад.

Доналд Трамп рӯзи душанбе дар идомаи паёмҳои твиттерии тавҳиномези худ эрониёнро гурусна хонд.

 

Январ 02, 2018 18:40 Asia/Dushanbe
Назарҳо