• Роҳпаймоии миллати Эрон зидди тавтеаи ҷадиди душманони инқилоби исломӣ

Миллати Эрон бо баргузории роҳпаймоии густарда дар бештари шаҳрҳо, хашму инзиҷори худро аз тавтеаи ҷадиди душманону фурсатталабии иғтишошгарон дар тахриби амволи умумӣ иброз карданд.

Аз панҷшанбеи ҳафтаи гузашта, теъдоде аз мардум дар чанд шаҳри Эрон, бо баргузории таҷаммуу сар додани шиорҳе, ба таъини таклиф нашудани молбохтагони муассисоти молӣ, гаронии бархе колоҳо ва заъфи назоратии давлат эътироз карданд, ки бархе аз ин таҷаммуъҳо аз сӯи иғтишошгарон дар сояи ҳимояти бархе кишварҳои хориҷӣ ва авомили онон ба ошуб кашида шуд .

Роҳпаймоён тавтеаи ҷадиди душманонро маҳкум ва бо ормонҳои имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таҷдиди паймон карданд ва бо сар додани шиори марг бар Амрико ва марг бар Исроил, хостори поён додан ба нооромиҳо ва иғтишошот шуданд .

Ширкаткунандагон дар ин роҳпаймоиҳо аз масъулони Эрон ҳам хостанд, бо бархурди қотеъ бо мафосиди иқтисодӣ ба таври ҷиддӣ ба фикри ҳалли мушкилоти иқтисодии мардум ба вижа бекорӣ бошанд .

Роҳпаймоии худҷуши миллати Эрон дар маҳкумияти иғтишошоти ахир, дар бархе шаҳрҳо панҷшанбе ва ҷумъа низ баргузор мешавад .

 

 

Январ 03, 2018 16:44 Asia/Dushanbe
Назарҳо