• Сояравшанҳои эътирозоту иғтишошот дар Эрон

Чанд рӯзи ахир бархе шаҳрҳои Эрон дар эътироз ба гаронӣ, истимрори бекорӣ ва авзои бади маишатӣ ва адами расидагӣ ба шикоёти молбохтагони муассисоти молӣ шоҳиди таҷаммуъҳое будаанд.

Ин эътирозҳо дар бархе манотиқ ба даргирӣ мунҷар шуда ва мутобиқи гузоришҳои мунташиршуда, шуморе куштаву маҷрӯҳ низ ба дунбол доштааст .

Ин вақоеъ саволоту гамонаҳои зиёдеро дар пай доштааст.

Шабакаҳои хабарӣ ва расонаҳои бегона ҳамгом бо твитҳои мутановиб аз сӯи аносури маълумулҳол дар Вашингтону Риёз токунун саъй кардаанд, бо савор шудан бар мавҷи ин ҷарён онро то сатҳи як ҳаракати барандозона ва муҳандисишуда алайҳи асли низом пеш баранд.

Истиқболи душманони қасамхурдаи миллати Эрон, аз гурӯҳаки мунофиқин то судури баёния аз сӯи Кохи Сафед авҷи хушнудии онҳо аз ин қазоёро нишон медиҳад.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар таҳлили ин ҳаводис таъкид кард, ончи дар интернет рӯзҳои ахир алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон рух медиҳад, ҷанги ниёбатӣ алайҳи миллати Эрон аст, ки дар қолаби ҳаштаг‎ҳо ва паёми марбут ба авзои Эрон, аз Амрико, Англия, Арабистон ва дигар кишварҳо ҳидоят мешаванд .

Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ гуфт: Ҳадаф аз дахолати хориҷии созмонёфта, ҷилавгирӣ аз пешрафти Эрон аст ва лизо саъй доранд, кишварро аз дохил фуру бипошанд.

Шамхонӣ албатта дар таҳлили илалу авомили ин эътирозот, ба адами ризояти мардум аз авзои иқтисодӣ низ ишора кард.

Таҷрубаи инқилоби исломӣ нишон медиҳад, таҳдидоти хориҷӣ ва осебҳои мавҷуд дар бахшҳои ғайрииқтисодӣ фоқиди қудрати таҳдидзоии муассир барои кишвар аст.

Дар ҳоле, ки ҳавзаи иқтисод ва адами таваҷҷуҳ ба беҳбуди фазои тавлиду иштиғол метавонад нуқтаи осебпазирии ҷомеа бошад .

Нуктаи муҳими дигар дар ин замина наҳваи амалкарди қувваи қазоия дар расидагӣ ба мафосиди иқтисодӣ ва нақши намояндагони мардум дар маҷлис аст, ки қоидатан барои дифоъ аз ҳуқуқи мардум ва рафъи нигарониҳо ва ироаи роҳкору тадвини қавонини мавриди лузум барои убур аз тангноҳо дар канори қувваи муҷрия фаъолият мекунанд.

Дар ин замина, нақши расонаҳо дар инъикоси мушкилоту нақди коршиносонаи масоил низ метавонад гиреҳгушои бисёре аз ибҳомот ва посух ба гамоназаниҳои нодуруст бошад.

Ҳамаи ин аносур кумак мекунад, то роҳи дурусти ва масири саҳеҳ аз бероҳа мушаххас шавад.

Бо ин ҳол, дар канори ҳамаи ин муаллафаҳо набояд аз ҷарёнҳои мухарриби берунӣ ғофил шуд.

Яъне ҳамон ҷарёне, ки саҳнагардони иттифоқоти талхи чанд рӯзи гузашта дар бархе шаҳрҳои Эрон будааст.

Аз ин рӯ, дар таҳлили ин рухдодҳо ва ташхиси сояравшанҳои он, бояд марзи байни мушкилоти маишатӣ ва мутолиботи воқеии мардум аз давлату масъулони иҷроӣ ва аҳдофи душманони миллати Эронро аз якдигар тафкик кард .

 

Январ 03, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
Назарҳо