• Эрон барои тамоми сенарияҳо дар бораи БарҶом омодагӣ дорад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар остонаи эъломи назари ниҳоии худ дар хусуси БарҶом аст. Тасмиме, ки паёмадҳои муҳиме барои ин кишвар ва дигар бозигарони байналмилалӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳурии Амрико 13 –уми октябри соли 2017 зимни худдорӣ аз таъйиди пойбандии Эрон ба БарҶом ва таҳдид ба хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, тасмимгирӣ дар бораи БарҶомро ба Конгресси Амрико вогузор кард.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико дар мусоҳиба бо “Асошейтед Пресс” гуфтааст, ки Трамп ин тавофуқро зарфи чанд рӯзи оянда ё ислоҳ хоҳад кард ва ё аз он хориҷ хоҳад шуд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти Конфронси Амниятии Теҳрон зимни ҳушдор дар бораи иқдоми эҳтимолии раиси ҷумҳурии Амрико барои аз байн бурдани БарҶом гуфт, Эрон барои тамоми сенарияҳо дар бораи БарҶом омодагӣ дорад.

Талош барои барҳам задани тавофуқи ҳастаӣ бидуни шавоҳиди равшане мабнӣ бар мавориди нақзи ошкор аз сӯйи Эрон, метавонад боиси аз ҳам пошидани эътилофи Гурӯҳи 5+1 шомили Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳида шавад.

 Лағви БарҶом паёмадҳои дигареро низ ба ҷомеаи байналмилал мунтақил мекунад, мабнӣ бар ин ки иёлоти муттаҳида аз лиҳози сохтори сиёсӣ дар иҷрои тааҳҳудоти байналмилалӣ нотавон аст ва чунин бардоште расидан ба тавофуқ дар сойири мавзӯотро сахттар хоҳад кард.

Тасмими рӯзҳои ояндаи Трамп дар хусуси пойбандӣ ба БарҶом қатъан барои Шӯрои Амният пураҳамият аст, зеро БарҶом тавофуқи мустақил, аммо муртабит бо Қатъномаи 2231-и Шӯрои Амният аст ва лағв ё ҳар гуна тағйири якҷонибаи БарҶом қатъномаро зери савол хоҳад бурд. Аз ин рӯ мавозеи Амрико Иттиҳоди Аврупоро низ ба шиддат нигарон кардааст.

Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии ИА соли гузашта бо сафар ба Вашингтон кӯшид мақомҳои Амрико ва Конгресро мутақоид ба пойбандӣ ба БарҶом кунад. Аммо зоҳиран ин талошҳо хеле натиҷабахш набудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз мақомоти Амрико медонанд, ки лағви БарҶом комилан иштибоҳ аст. Шуморе аз низомиёни бознишаста, аъзои Конгресс ва дипломатҳо, аз ҷумла 52 коршиноси амнияти миллии Амрико дар номае аз давлати Трамп хостаанд, тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро ба мухотира наандозад.

Бо ин ҳол сухангӯи Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, хонум Могерини, масъули сиёсати хориҷии ин иттиҳодия рӯзи панҷшанбеи 11-уми январ дар Брюссел мизбони нишасте бо ҳузури вазирони умури хориҷаи се кишвари Англия - Фаронса ва Олмон ва Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.

Тасмими рӯзҳои ояндаи ИМА дар бораи БарҶом дар ҳар ҳол маҳаке барои санҷиши мизони эътибори тасмимоти байналмилалӣ ва ниҳодҳои муътабари ҷаҳонӣ монанди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ хоҳад буд.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки то кунун 9 бор пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти марбут ба тавофуқи ҳастаиро таъйид кардааст, акнун бояд мавзеи худро ҳамчун Иттиҳоди Аврупо ва дигар аъзои Шӯрои Амният дар муқобили бадаҳдӣ ва лаҷоҷатҳои зиёнбори Амрико якбор ва барои ҳамеша равшан кунад.

 

Январ 09, 2018 16:03 Asia/Dushanbe
Назарҳо