• Ривояти хатиби ҷумъаи Теҳрон аз пушти пардаи ошӯбҳо дар Эрон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, иғтишошоти ахир дар Эрон бо тарроҳии Амрико ва режими саҳюнистӣ ва кумакҳои молии Арабистони Саудӣ анҷом гирифт.

Хуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, ошӯбу фитнаи ахир дар Эрон чеҳраи воқеии гурӯҳаки террористии мунофиқин ва душманони миллати Эронро нишон дод. Ӯ афзуд, миллати Эрон ба хубӣ сафи худро аз иғтишошгарон ва фурсатталабон ҷудо кард.

Аз панҷшанбе, 28-уми декабри соли 2017 ба муддати як ҳафта бархе мардуми чанд шаҳри Эрон, бахусус молбохтагони чанд муассисаи молии варшикаста дар эътироз ба авзои иқтисодии худ таҷаммӯъ баргузор карданд, аммо фурсатталбону ошӯбгарон шуморе аз ин таҷаммӯъҳоро ба хушунат кашиданд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба нақши авомили хориҷии созмондиҳандаи ин иғтишошот дар Эрон гуфт, то замоне ки миллати Эрон истиқлоли худро ҳифз кунад ва муқобили зиёдахоҳиҳои истикбори ҷаҳонӣ истад, мавриди таҳоҷум қарор хоҳад гирифт. Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ҳамчунин гуфт, Амрико дар баробари миллати Эрон гирифтори сардаргумӣ шудааст ва агар бори дигар ҳаваси тавтеаи зидди Эрон кунад, зарбаи муҳкаме аз миллати Эрон хоҳад хӯрд.

 

Январ 12, 2018 16:28 Asia/Dushanbe
Назарҳо