• Сафари ояндаи раиси Маҷлиси Туркманистон ба Эрон

Раиси Маҷлиси Туркманистон барои ҳузур дар 13-умин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар садри ҳайате, ба Теҳрон сафар мекунад.

Оқҷо Нурбердиева барои ҳузур дар сездаҳумин Конфронси маҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ва ширкат дар ҳафтумин нишасти парлумонҳои занони мусулмон, тайи рӯзҳои оянда ба Теҳрон сафар мекунад.

Оқҷо Нурбердиева-сиёсатмадори 60 сола, аз сол 2007 милодӣ ба унвони раиси Маҷлиси Туркманистон аст.

Нишастҳои коршиносии сездаҳумин Конфронси байналмаҷолиси кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, аз субҳи имрӯз (шанбе) дар Теҳрон оғоз шуд.

Нишастҳои коршиносӣ, тахассусӣ ва низ кумитаҳои иҷроӣ сездаҳумин Конфронси баналмаҷолиси кишварҳои узви ин созмон, то 15 январи 2018 бо ҳузури коршиносони 41 кишвари исломӣ, идома хоҳад дошт.

Намояндагони маҷолиси 41 кишвар аз Осиё ва Африқо дар нишасти Теҳрон ҳузур доранд, ки шомили 12 раиси маҷлис ва 9 ноиби раиси маҷлис ва низ раисони ҳайатҳои ширкаткунанда ва ҳамчунин намояндагоне аз Русия аст.

Ҳафтумин нишасти парлумонҳои занон мусулмон низ қарор аст, дар ҳошияи ин ҳамоиш дар Теҳрон, баргузор шавад.

 

Январ 13, 2018 19:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо