• Худоҳофизӣ бо дарёнавардони Санчӣ?

Фармондеҳи чинии амалиёти имдод ва наҷоти нафткаши эронии Санчӣ эҳтимоли наҷоти ҷони дарёнавардони эронии ҳозир дар ин нафткашро бисёр заъиф донист, аммо гуфт:Тамоми талошҳо барои идомаи амалиёти имдод бо ҷиддият пайгирӣ мешавад.

Ба гузориши Ал-Олам Шиҳ Чан  Вей (Shih Chan Wei) субҳи имрӯз якшанбе дар нишасти тахассусии Кумитаи буҳрони Чин бо ҳузури Алии Рабиъӣ-намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва масъули Кумияти расидагӣ ба вазъияти нафткаши Санчӣ тасреҳ кард: Пешбинии қатъии мо ҷон бохтани ҳамаи дарёнавардони ҳозир дар ҳамон соатҳои нахусти ҳодиса ба иллати шиддати таркиш ва интишори гозҳои заҳрогин аст.

Ба гуфтаи вай мушоҳидоти киштиҳои убурӣ ҳам аз ин ҳикоят медиҳад, ки шиддати таркиши аввалия ба ҳадде будааст ки имкони зинда мондани афрод дар пайи ин ҳодиса вуҷуд надорад.

Фармондеҳи чинии амалиёти имдод ва наҷоти нафткаши эронии Санчӣ бо ишора ба инки болобари ин нафткаш, ки аз он барои вуруд ба қайиқҳои наҷот ва ё паридан ба дарё истифода мешавад, пойин наёмаддаст, идома дод: Ин мавзуъ нишон медиҳад ки дарёнавардони эронӣ ҷуз як нафар фурсати вуруд ба обро надоштанд.

Ӯ идома дод: Бо ин вуҷуд аз ҳамон соати нахусти таркиш тимҳои имдод ва наҷот ҷустуҷӯи худро оғоз карданд ва бо ҳамаи имконот амалиёти хомуш кардани оташ ва талош барои наҷоти дарёнавардон идома дорад.

Дар ин нишаст намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва масъули Кумитаи расидагӣ ба вазъияти нафткаши Санчӣ аз чиниҳо хост дар хомуш кардани оташи каштӣ аз ҳеҷ талоше дареғ накунанд.

Рӯзи шанбе 8-уми январ як нафткаши эронӣ бо киштии чинӣ бархурд кард, ки боиси оташ гирифтани нафткаш ва нопадид шудани 32 хадамаи он шуд.

То кунун пайкари се хадамаи он пайдо шудааст.

Таковарони эронӣ бо ҳадафи ҷустуҷӯ дар дохили нафткаш ба маҳалли ҳодиса эъзом шудаанд.  

Январ 14, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо