Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, раиси ҷумҳурии Амрико дар пайи нобуд кардани тавофуқи ҳастаӣ аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф душанбешаб дар гуфтугӯи вижаи хабарии шабакаи дувуми телевизиони Эрон ба бадаҳдиҳои Амрико дар қиболи БарҶом ишора кард ва гуфт, он чӣ раиси ҷумҳурии Амрико анҷом медиҳад қобили пешбинӣ буд.

Зариф гуфт, Доналд Трамп аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 нохурсанд аст ва ба думболи пайдо кардани равише барои нобудии БарҶом аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, Эрон ҳеҷгоҳ аз Амрико таваққуъ надоштааст бо ҳусни ният БарҶомро иҷро кунад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 амалӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БарҶом бадаҳдӣ мекунад ва хостори барҳам задани он аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба вуҷуди ноамнӣ дар бисёре кишварҳои минтақа гуфт, дар бораи таъмини амният ду дидгоҳ вуҷуд дорад; яке дидгоҳи Эрон, ки муътақид аст амният аз дохили кишвар бо ҳузур ва мушорикати мардум пойи сандуқҳои раъй таъмин мешавад ва дидгоҳи дигар, ки бисёре аз кишварҳои минтақа онро думбол мекунанд ва бар асоси он - амният аз хориҷ харидорӣ мешавад.

Зариф гуфт, Эрон ҳамвора бар мардуми худ муттакӣ будаву амнтарин кишвари минтақа аст.

 

Барчасп

Феврал 06, 2018 12:00 Asia/Dushanbe
Назарҳо