Пас аз ваъдаи муовини бурунмарзии Садо ва Симо дар заминаи роҳандозии шабакаи Ай филм-2 (Ай филми форсӣ) барои кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамакнун шаҳрвандони ин ду кишвар метавонанд аз пахши озмоишии барномаҳои ин шабакаи эронӣ истифода кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ай филм-2  дар  "Монако Сет" (Monaco Сat)  дар ҷиҳати "Ёҳ Сет" қобили дарёфт аст.

Чанд рӯз пеш Паймони Ҷибилӣ- муовини бурунмарзии Садо ва Симои Эрон хабари роҳандозии ин шабака барои форсизабонони ғарби Осиё, Русия ва мардуми ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистонро бо ҳадафи тақвияти фарҳанг ва тамаддуни эронӣ эълом кард ва ин хабар билофосила мавриди истиқболи сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон қарор гирифт.

Ҳуҷатуллоҳ Фиғонӣ таъкид карда буд: Агар тамаркузи ин шабака намоиш ва пахши сериалҳои таърихӣ, адабӣ ва илмӣ бошад дар интиқоли беҳтари паёми инқилоб, ошноии мардуми ин минтақаҳо бо фарҳанг ва тамаддуни эронӣ ва ҳамчунин муаррифии пешрафтҳо ва дастовардҳои илмии кишварамон бисёр таъсиргузор ва муваффақ хоҳад буд.

 "Ай филм" як шабакаи телевизионии эронӣ бо се бахши форсӣ, арабӣ ва англисӣ аст, ки ҳадафаш пахши филмҳо ва сериалҳои эронӣ барои ҷаҳон дар тамоми тули шабонарӯз аст.

Мухотабони мавриди назари ин шабака даҳҳо миллион нафар ҳастанд ва пешбинӣ мешавад яке аз шабакаҳои пуртарафдори ҷаҳон шавад.

Тизери таблиғотии ин шабака барои мардуми кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон сохта шудааст, ки дар идома мебинед.

 

Феврал 08, 2018 14:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо