• Ҷанҷоли “Samsung” зидди Эрон; Сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон эҳзор шуд

Тасмими ширкати “Samsung” зидди варзишкорони эронии ҳозир дар Олимпиадаи зимистонии Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ, ҳушдори вазирони хориҷа ва иртибототи Эронро дар пай дошт ва ба эҳзори сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон анҷомид.

Ба гузориши ИРНА, масъулони баргузории Бозиҳои олимпии зимистонии 2018-и Пхенчхан қарор аст, ба тамоми ширкаткунандагон дар ин бозиҳо ба сурати ройгон гӯшии “Samsung note 8” ҳадия диҳанд, дар ҳоле аст, ки эълом шуда ба далели он чи, ки “тарс аз нақзи таҳримҳои байналмилалӣ” хонда шуда, ин ҳадия ба варзишкорони эронӣ ва Кореяи Шимолӣ тааллуқ нахоҳад гирифт.

Як манбаи огоҳ рӯзи панҷшанбе ба ИРНА гуфт, Муҳаммадҷаводи Зариф эълом кардааст, ки агар то асри имрӯз ширкати “Samsung” аз Эрон узрхоҳӣ накунад ва аз тасмиме, ки гирифта баранагардад, дигар аз гӯшии “Samsung” истифода нахоҳад кард.

Ҳамакнун телефони ҳамроҳи доктор Зариф, Самсунг аст.

22 варзишкор аз Кореяи Шимолӣ ва чаҳор варзишкор аз Эрон дар ин давра аз бозиҳо ҳузур доранд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон низ аз эҳзори сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Теҳрон, ба думболи иқдоми ғайри ахлоқӣ ва ғайри варзишии Самсунг хабар дод ва гуфт, дар сурате, ки ширкати Самсунг маротиби узрхоҳии худро аз ин иқдоми нобахирадона эълом накунад, ин мавзӯ шадидан бар равобити тиҷории ширкати Самсунг бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсир хоҳад гузошт.

Ҳамчунин ба гуфтаи як манбаи огоҳ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон низ эълом кардааст, агар ширкати Самсунг то поёни рӯзи панҷшанбе узрхоҳӣ накунад, аз вуруди телефонҳои ҳамроҳи сохти ин ширкат ба Эрон ҷилавгирӣ, хоҳад шуд.

 

Феврал 08, 2018 17:40 Asia/Dushanbe
Назарҳо