• Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Инқилоби исломӣ иззатро ба Эрон бозгардонд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Пирӯзии инқилоби исломӣ сабаб шуд,то истиқлол ва иззат ба мардуми Эрон бозгардад ва кишвар дигар ба дасти зӯргуён ғорат нашавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷат-ул-ислом вал-муслимин Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Амрико, Арабистон ва муттаҳидони онҳо тасаввур мекарданд,ки бо эҷоди гурӯҳи террористии ДИИШ, тарҳи масъалаи ҷудоии Курдистони Ироқ, масъалаи Лубнон, заиф кардани ҷабҳаи муқовамат ва ишғоли Ироқ метавонанд Эронро дар танҳоӣ қарор диҳанд, аммо Эрон бо  тадбир ва дирояти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ силӣ ва зарбаи маҳкаме ба онон зад.

 Ҳуҷҷат-ул-ислом вал-муслимин Сиддиқӣ ҳамчунин бо табрики айёмуллоҳи Даҳаи фаҷр, пирӯзии инқилоби исломиро муъҷиза тавсиф кард ва гуфт: пешрафтҳои Эрон дар заминаҳои ҳастаӣ, пизишкӣ, мушакӣ, нано ва худкифоӣ дар бисёре аз заминаҳо аз дастовардҳои пирӯзии инқилоби исломӣ аст.

 12-уми баҳман баробар бо аввали феврал-солрӯзи бозгашти Имом Хумайнӣ (р) ба Эрон ва оғози Даҳаи мубораки фаҷри инқилоби исломӣ аст.

 Аз рӯзи дувоздаҳум баҳман, яъне рӯзи вуруди Имом Хумайнӣ (р)  ба Эрон то бисту дуввуми баҳман (11 феврал), ки рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст, «Даҳаи фаҷр» номгузори шуда , ҳар сол ҷашнҳо ва маросимҳои вежае дар ин айём баргузор мешавад.

 Мардуми саросари Эрон ҳамчунин 22-уми баҳмани ҳар сол дар солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ роҳпаймоии бошукуҳе баргузор мекунанд.

 

Феврал 09, 2018 16:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо