• Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои байналмиллалии гуштини озод дар Табрез

Дастаи гуштини озоди Эрон дар сию ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмиллалии Ҷоми ҷаҳонпаҳлавон Тахтӣ дар Табрез (шимолу ғарби Эрон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тим ё дастаи милли гуштини озоди Эрон рӯзи ҷумъа бо ба даст овардани чаҳор медали тилло, панҷ нуқра ва ҳафт биринҷӣ ба унвони қаҳрамонӣ расид ва тимҳои Туркия ва Гурҷистон дувум ва севум шуданд.

 Сию ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмиллалии гуштини озоди Ҷоми Тахтӣ бо ҳузури 16 кишвари Эрон, Туркия, Гурҷистон, Тоҷикистон, Арманистон, ҷумҳури Озарбойҷон, Беларус, Булғористон, Венгрия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Руминия, Туркманистон ва Украина дар Табрез баргузор шуд

 

Феврал 09, 2018 21:41 Asia/Dushanbe
Назарҳо