• Баргузории 25-умин даври гуфтугӯҳои сиёсии Эрон ва Ҷопон

Бисту панҷумин даври гуфтугӯҳои сиёсии Эрон ва Ҷопон бо ҳузури муовинони вазирони хориҷаи ду кишвар, рӯз шанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Tekeo Moorey, муовини вазири умури хориҷаи Ҷопон дар ин давр аз гуфтугӯҳо, дар бораи равобити дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ, табодули назар карданд.

Вай ‏дар ин дидор, бо таъкид бар ҳимояти қотеи Ҷопон аз БАРҶОМ, омодагии Токиоро барои густариши равобит бо Теҳрон эълом кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Ҷопон пеш аз ин дидор низ бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Зариф дар ин дидор бо ишора ба муносиботи хуби Теҳрон - Токио, бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Ҷопон дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

 

 

Барчасп

Март 03, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
Назарҳо