• Сафари Жан-Ив Ле Дриан ба Теҳрон. Музокироти равшан ва шаффоф

Теҳрон имрӯз мизбони вазири умури хориҷаи Фаронса аст. Жан-Ив Ле Дриан бомдоди душанбе вориди Теҳрон шуд.

Чорчӯби музокироти вазири умури хориҷаи Фаронса дар Теҳрон гуфтугӯ дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамчунин ройзанӣ дар мавриди масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва фароҳам кардани муқаддамоти сафари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса ба Теҳрон эълом шудааст.

Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Фаронса дар остонаи сафараш ба Теҳрон муддаӣ шуд, барномаи мушакии Эрон омиле барои нигарониҳои Фаронса ва шариконаш  аст. Ин изҳорот, посухи равшани вазири умури хориҷаи Эронро дар пай дошт.

Муҳаммадҷаводи Зариф асри якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон бо баёни ин ки тарафи ғарбӣ бояд мавзеи худро дар қиболи тавони мушакии Эрон мушаххас кунад, изҳор дошт: “Агар тарафи аврупоӣ баҳси тавони дифоии Эронро матраҳ мекунад, оё дар бораи садҳо миллиард долларе, ки ба минтақа силоҳ мефурӯшад ва ин минтақаро табдил ба анбори борут кардааст, низ мавзеъгирӣ мекунад?”

Изҳороти Ле Дриан бо таваҷҷуҳ ба мавозеи қаблии мақомҳои Фаронса хеле ҳам аҷиб нест.

Абдурризо Фараҷирод, устоди геополитикаи донишгоҳ ва коршиноси равобити байналмилал муътақид аст, Фаронса маҷбур аст худро бо кишварҳои арабии халиҷи Форс ҳамоҳанг кунад, зеро ки яке аз даромадҳои муҳими Фаронса фурӯши таслиҳот ба Арабистон, Қатар, Баҳрайн ва ...аст.

Зариф аммо дар изҳороти дирӯзи худ хатти қирмизҳоро мушаххас кард ва гуфт, агар Аврупо бихоҳад ин гуфтугӯҳоро ба талоше барои посух ба иддаоҳо ва хостаҳои Амрико табдил кунад, мавзӯи ғайривоқеӣ ва ҳаракати таблиғотӣ- сиёсӣ аст.

Фаронса аз БарҶом ҳимоят мекунад, аммо ба пайравӣ аз талқинҳо ва фазосозиҳои Амрико тавони дифои мушакии Эронро боиси нигаронӣ ва барҳамзанандаи субот дар минтақа муаррифӣ мекунад.

Албатта, давлатмардони Фаронса саъй кардаанд сиёсатҳояшонро мустақил нишон диҳанд, аммо ҳамсӯии Порис бо Вашингтон хилофи ин назарро нишон медиҳад.

Шакке нест, ки Эрон мутаносиб бо таркиб ва навъи таҳдидот тавони дифоии худро тақвият мекунад.  

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чанде қабл дар баёноте дар дидори садҳо нафар аз нухбагони ҷавон ва истеъдодҳои бартари илмӣ таъкид карданд: “Аврупоиҳо бояд муқобили иқдомоти давлати Амрико, аз ҷумла нақзи БарҶом биистанд ва аз ҳамсадоӣ бо амрикоиҳо дар масоиле назири қудрати дифоии Эрон ва ҳузури Эрон дар минтақа бипарҳезанд. Зеро мо мутлақан ҳамовозии аврупоиҳо бо зӯргӯиҳои Амрикоро қабул намекунем”.

Таҷрибаи ин гуна рафторҳо нишон медиҳад, ки ҳар сухане аз навъи таҳдид ва таҳмили зӯр бар Эрон натиҷааш шикаст хоҳад буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе дар тамоси телефонии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, бо ишора ба бархе замзамаҳо дар хусуси он чӣ ки музокироти мукаммал дар бораи БарҶом хонда мешавад, таъкид кард, нуктаи муҳим дар шароити кунунӣ ин аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷиҳати пойбандии комили Амрико ба БарҶом ҳаракат кунад.

Интизор меравад, музокироти Теҳрон нишон диҳад, Фаронса мавзеи мантиқӣ ва шаффоф дар равобиташ бо Эрон дорад ва таҳти таъсири илқоот ва роҳнишондиҳиҳои ғалати Трамп ва бархе аз кишварҳои минтақаи халиҷи Форс алайҳи Эрон қарор намегирад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Гарет Портер, таҳлилгари саршиноси амрикоӣ; “Бояд мунтазир монд ва дид, ки оё аврупоиҳо баробари Вашингтон сари таъзим фуруд меоваранд ё хайр”.

 

Март 05, 2018 13:45 Asia/Dushanbe
Назарҳо