• Ҳушдор дар бораи шикасти БарҶом аз Вена то Теҳрон

Талошҳои Трамп барои беэътибор сохтани БарҶом ва ҳатто хуруҷ аз он якбори дигар дар садри масоили муртабит бо БарҶом қарор гирифтааст.

Юкия Амано, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи душанбе дар баёнияе дар бораи оқибати фишорҳои Амрико барои ба шикаст кашондани БарҶом ҳушдор дод. Амано, ки дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена сухан мегуфт, изҳор дошт, тавофуқи ҳастаии Эрон намоёнгари як дастоварди чашмгир дар арсаи ростиозмоии фаъолияти ҳастаӣ аст ва агар қарор бошад тавофуқи ҳастаӣ шикаст бихурад, бояд гуфт, ин ба маънии як шикасти бузург барои ростиозмоии ҳастаӣ ва чандҷонибагароӣ дар ин бахш хоҳад буд.

Ҳамзамон дар Теҳрон низ мавзӯи паёмадҳои аҳдшикании Амрико дар пойбандӣ ба БарҶом муҳимтарин меҳвари музокироти вазири хориҷаи Фаронса дар Теҳрон буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар дидори Жан- Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Фаронса дар Теҳрон, бо таъкид бар зарурати ҳифзи БарҶом дар ростои тавсеаи амният, субот ва ҳамкориҳои минтақаӣ ҳушдор дод ва гуфт, барҳам хурдани тавофуқи ҳастаӣ нуктаи пушаймонии ҳамагон хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Фаронса албатта, дар музокироташ дар Теҳрон таъкид кард, ки Аврупо, ба вижа Фаронса мутааҳҳид ва алоқаманд ба иҷрои БарҶом бо вуҷуди фишорҳои Амрико аст. Бо ин ҳол бархе рафторҳо ва изҳороти мақомоти Аврупо дар иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) ва таъсирпазирӣ аз фишори амрикоиҳо ҳамчунон мавриди интиқоди Эрон аст.

Саббоҳ Зангана, коршиноси равобити байналмилал муътақид аст, Амрико талош мекунад муҳтавои БарҶомро аз байн бибарад ва бо равишҳои дигаре монанди афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон, фишорҳоро низ густариш диҳад.

Дар ин замина чанд нуктаи муҳим вуҷуд дорад, ки баъзан такрорӣ ба назар мерасад, вале ҳамчунон бояд мавриди таъкид қарор гирад:

Нахуст ин ки марҷаъ (манбаъ)-и расидагӣ ва изҳори назар дар мавриди БарҶом Трамп ва Кохи Сафед нест, балки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки тавассути Юкия Амано пойбандии Эрон ба БарҶом барои даҳумин бор паёпай эълом шудааст.

Нуктаи дувум, манофеи БарҶом барои Эрон аст, ки агар таҳти таъсири тасмимоти нобихрадона ва якҷонибаи Амрико қарор бошад хадшае ба он ворид шавад, табъан Эрон ҳам тасмимоте ҳамсон (мутаносиб) бо рафтори Вашингтон рӯи даст мегирад.

Нуктаи савум, навъи вокуниш ва тасмимгирӣ дар ин замина аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупост.

Сур Лудгорд, коршинос ва устоди улуми сиёсӣ дар Норвегия мегӯяд: “Чунин иқдомоте бо сиёсикорӣ ва баҳонаҷӯӣ анҷом мегирад. Эрон комилан ба тавофуқ пойбанд буд ва Ожонси байналмалалии энержии атомӣ низ ин нуктаро бе ҳеҷ печидагӣ ва тардиде баён кардааст. Иттиҳоди Аврупо низ комилан ба ин тавофуқ пойбанд аст ва иллати пойбандӣ низ ин аст, ки сармоягузории сиёсии зиёде рӯйи ин тавофуқ кардааст ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо Эрон манофеи иқтисодӣ дорад”.

Дар воқеъ, сиёсатҳои вайронгаронаи Трамп Иттиҳоди Аврупоро нигарон кардааст. Бинобарин агар чорае дар ин замина андешида нашавад ва Аврупо масири худро аз ситезаҷӯӣ ва лаҷоҷатҳои ғайримантиқии Амрико ҷудо накунад, қатъан бозандаи ин бозии сиёсӣ хоҳад буд.

 

Март 06, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
Назарҳо