Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба муносибати Рӯзи дарахткорӣ ва ҳафтаи манобеи табиӣ ду ниҳол мева шинонданд ва аз масъулон хостанд, ҷилави қатъ кардани дарахтони шаҳрҳоро бигиранд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз, сешанбе, маросими дарахткориро расми муборак донистанд ва бо ишора ба аҳамияту баракати гиёҳон, ҷанглу чарогоҳҳо дар ҳифзи ҳаво ва об, зебо кардани фазои зиндагӣ ва тавлиди маҳсулоти муфид барои башар ба масъулон гуфтанд: “Дар Теҳрон боғҳо ва боғистонҳое вуҷуд дорад, ки бархе ба дунболи дастандозӣ ба онҳо ҳастанд, аммо бояд ҷилави ин кор, ки зарба ба зиндагӣ ва осоиши шаҳрӣ аст, гирифта шавад”.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ масъулони дастгоҳҳои марбут, аз ҷумла вазоратҳои ҷиҳоди кишоварзӣ ва нерӯи Эронро ба ҷиддӣ гирифтани масъалаи обхездорӣ (соҳилмустаҳкамкунӣ) ва дарахтшинонӣ тавсия карда гуфтанд, иҷрои ин сиёсат метавонад монеи буруз резгарду селобҳо шавад.

 

Март 06, 2018 16:40 Asia/Dushanbe
Назарҳо