• Мақоми афғон: Нигаронии Эронро аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон дарк мекунем

Муовини сиёсӣ ва роҳбурдии Вазорати дифои миллии Афғонистон гуфт: Мақомоти афғон нигарониҳои ҷумҳурии исломии Эронро аз ҳузури ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии дигар дар Афғонистон дарк мекунанд.

Аҳмад Тамим Асей дар дидор бо генерал Қадири Низомӣ, муовини байналмилали ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон гуфт: Мақомоти Афғонистон ҳеҷгоҳ иҷоза нахоҳанд дод, ки аз сарзамини Афғонистон иқдоме алайҳи амнияти Эрон сурат гирад.

Генерал Қадири ҳам дар ин дидор, амнияту суботи Афғонистонро барои Эрон муҳим донист.

Аҳмад Тамим Асей сешанбе вориди Теҳрон шуд.

 

Март 07, 2018 22:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо