• Ҳамандешии тарроҳони мӯд ва либос дар Машҳад

Дар иҷлоси ҳамандешии тарроҳони мӯд ва либоси бонувони кишварҳои исломӣ, ки дар Машҳад баргузор шуд, монеаву тангноҳо ва роҳҳои бурунрафт аз маҳдудиятҳо баҳсу баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини ҳунарӣ- синамоии Идораи кулли иршоди исломии Хуросони Разавӣ гуфт, рақобат дар арсаи тавлид ва содироти маснуоти санъати пӯшок дар дунё ба назар мерасад ва мо бояд аз тамоми тавонмандии ташаббускорон ва тарроҳони кишварҳои исломӣ баҳра бигирем.

Афшини Туҳфагар пӯшиши бонувон дар кишварҳои исломиро бархурдор аз ҳувияти мустақил ва дорои намудҳои хос донист.

Ӯ ҳамчунин ҳадаф аз барпоии чунин нишастҳоеро ҳамфикрӣ, ҳамёрӣ ва мушорикати ҷамъӣ барои тақвияти ҷойгоҳи санъати пӯшок, иборат аз тавлиди порча, тарроҳӣ ва дӯхт дар ҷомеаҳои исломӣ донист.

Ин масъул изҳор дошт, сармоягузорӣ дар ин масир заминаи қудратмандеро барои фарогир шудани арзишҳои бумӣ дар дигар кишварҳои мусалмонӣ фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи вай, қатъан дар дунёи имрӯз таваҷҷуҳ ба танаввӯи ҷаззобият ва кайфият бо дар назар доштани меъёрҳои пӯшиши зани мусалмон дар касби бозори ҷаҳонӣ муассир аст.

Ҳамандешони тарроҳони мӯд ва либоси бонувони кишварҳои исломӣ бо ҳузури ҷамъи зиёде аз устодони донишгоҳ дар заминаи санъати нассоҷӣ, тарроҳӣ ва тавлид ва ҳамчунин соҳибони саноат ва фаъолони тавлиди пӯшок баргузор шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин дар хусуси роҳҳои муаррифии маҳсулоти бозори фурӯш, заминаҳои сармоягузории хориҷӣ, боло бурдани кайфият, муштаримадорӣ, таомули тиҷорӣ бо дигар кишварҳо, истифода аз таҷрибаҳои миллатҳои муваффақ ва ... баҳсу табодули назар шуд.

 

Март 08, 2018 14:21 Asia/Dushanbe
Назарҳо