• Қосимӣ: Англия Арабистонро барои судури андешаҳои террористӣ таҳти фишор қарор диҳад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Англия ва дигар кишварҳо бояд дар иқдоме масъулона, Риёзро барои таваққуфи хунрезӣ дар Яман ва судури андешаҳои террористӣ, таҳти фишор қарор диҳанд ва манофеи иқтисодиашонро бо сулҳу амнияти ҷаҳонӣ муомила накунанд.

Баҳроми Қосимӣ дар вокуниш ба изҳорот ва мавзеъгириҳои зидди эронии мақомоти англисӣ ва саудӣ дар сафари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ба Лондон, зимни маҳкум кардани чунин ҳамнавоиҳои ғайримасъулона, изҳор дошт, танзи ҷолибе аст, ки мақомоти англисӣ дар дидор бо мақомоти Арабистон, ки мутаҷовиз ба Яман ва омили бурузи фоҷиаи инсонӣ ва ҷинояти ҷангӣ дар ин кишвар аст ва солҳо аст аслитарин манбаъ, мураввиҷ ва ҳомии ифротгароӣ, терроризм ва ҷангафрӯзӣ дар Ховари Миёна ва ҷаҳон аст, иқдом ба баёни чунин мавозеъ ва изҳороте алайҳи Эрон мекунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ҳимоятҳои сиёсӣ ва таслиҳотии Англия ва бархе дигар аз кишварҳо монанди Амрико аз Арабистон таҳдиде алайҳи амният, сулҳ ва суботи кулли минтақа аст. Ингуна ҳамнавоиҳои Англия бо Риёз, масъулияти ин кишварро дар шаклгирӣ, ташдид ва тадовуми буҳронҳои минтақаи ғарби Осиё, сангинтар ва расидан ба сулҳу ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақаро душвор, тӯлонӣ ва пурҳазинатар мекунад.

 

Март 08, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
Назарҳо