• Фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.а) муборак бод!

Фардо ҷумъа бистуми ҷимоди ус-сонии соли 1439 ҳиҷри қамарӣ, баробар бо 9-уми марти 2018, хуҷаста солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.з), духтари Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.а), духтари гиромии Паёмбари ислом (с), бистуми ҷамоди ус-сонии соли ҳаштум қабл аз ҳиҷрат ба дунё омаданд.

Ин бонуи гиромӣ аз кӯдакӣ, дар хонаи ваҳӣ,бо роҳнамоиҳои падараш, Паёмбари гиромии Ислом (с) ба олитарин маротиби камол, илм ва фазилат даст ёфт.

Духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамчунин дар конуни гарм ва бо сафои хонаи ҳазрати Алӣ (р.а), ба беҳтарин ваҷҳ ба анҷоми вазоифи ҳамсарӣ ва модарӣ пардохт ва инсонҳои бузург ва ворастае ҳамчун Имом Ҳасан (р.а), Имом Ҳусен (р.а) ва ҳазрати Зайнаб (р.а)-ро дар домони худ парвариш дод.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.а) дар ҳамаи абъод, улгӯи занони ҷаҳон ба шумор меравад ва рӯзи таваллуди эшон дар Эрон, ки мусодиф бо солрӯзи таваллуди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии исломӣ аст, ба унвони рӯзи "модар" ва "зан" номгузорӣ шудааст ва дар ин рӯз аз мақоми занон, ба вижа модарон, таҷлил мешавад.

Ба ҳамин муносибат Эрони исломӣ дар шаби милоди бонуи ду олам, духтари Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с), сидиқаи тоҳира, ҳазрати Фотимаи заҳро (р.а) саросар ҷашну шодӣ аст.

Манотиқи мухталифи Эрон бавижа шаҳрҳои муқаддаси Қум ва Машҳад ҳолу ҳавои дигаре дорад ва шефтагон ва иродтамандони хонадони исмат ва таҳорат бо чароғонӣ ва зиннатдодани хиёбонҳо, кӯчаҳои ва бар поии ҷашну сурур, ин милоди хуҷастаро ҷашн гирифтанд.

Радио тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани хуҷаста солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Март 08, 2018 21:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо