•  Оғози 35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар Теҳрон

35-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим бо ҳузури намояндагоне аз 84 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон оғоз шуд.

Ин давраи мусобиқот бо шиори "як китоб як уммат", рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо ҳузури 258 ширкаткунанда аз 84 кишвар оғоз шуд ва то 26 апрел идома хоҳад ёфт.

Ин давра аз мусобиқоти қуръонӣ дар панҷ бахш, занон ва мардон, нобиноён, донишҷӯён ва талабаҳои улуми динӣ, барномарезӣ шудааст.

Мардон, занон ва нобиноён дар Теҳрон бо якдигар рақобат мекунанд ва мусобиқоти ширкаткунандагони талаба ва донишҷӯ ҳам дар шаҳрҳои Қум ва Машҳад баргузор мешавад.

Бонувони 28 кишвари ҷаҳон низ барои ҳузур дар дуввумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони бахши хоҳарон, эъломи омодагӣ кардаанд.

 

Апрел 19, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо