• Зариф: Раванди Остона танҳо ҳаракате аст, ки метавонад ба сулҳи пойдор дар Сурия бианҷомад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, шанбешаб дар нишасти хабарии муштарак бо вазирони умури хориҷаи Русия ва Туркия дар Маскав тасреҳ кард, раванди Остона ҳамакнун танҳо ҳаракате аст, ки метавонад бо ҳамкории Созмони милали муттаҳид ва дигарон ба як сулҳи одилона ва пойдор дар Сурия мунҷар шавад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф бо таъкид бар ин ки ҷомеаи байналмилал бояд аз раванди Остона ва расидан ба роҳи ҳалли сиёсӣ бар асоси тасмимоти иҷлоси Сочӣ ҳимоят кунад, хотирнишон кард, буҳрони Сурия танҳо аз тариқи сиёсӣ ҳал хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Се кишвари зомини раванди Остона дар сатҳи сарон ва вазирони хориҷа, ҳамвора ҳимояти худро аз усули муштараке ҳамчун ҳифзи ҳокимият, тамомияти арзӣ, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдати миллии Сурия ва ҳаллу фасли сареи буҳрони ин кишвар аз тариқи сиёсӣ эълом кардаанд.

Зариф ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилал хост, ҳарчи зудтар ба кумаки мардуми Сурия барои бозсозии ин кишвар башитобад.

Саргей Лавров вазири умури хориҷаи Русия низ дар ин нишасти хабарӣ тасреҳ кард, Русия, Эрон ва Туркия бар ғайриқобили пазириш будани талошҳо барои таҷзияи Сурия таъкид доранд.

Мавлуд Човушуғлу вазири умури хориҷаи Туркия низ бо таъкид бар инки раванди Остона танҳо ибтикори байналмилалии муваффақ дар ҷаҳон барои ҳаллу фасли буҳрони Сурия аст, хотирнишон кард, Эрон, Русия ва Туркия фаъолона дар чорчуби раванди Остона ҳамкорӣ мекунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, субҳи шанбе ба манзури ширкат дар нишасти сеҷонбаи вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия дар хусуси Сурия ворид Маскав шуд.

 

Апрел 29, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо