• Афзоиши даҳбаробарии содироти Эрон ба Аврупо пас аз БАРҶОМ

Сафири Олмон дар Эрон бо ишора ба дастовардҳои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак гуфт: Содироти Эрон ба Аврупо баъд аз БАРҶОМ 10 баробар шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Микаил Клорберштолд дар дувумин рӯз аз шашумин давраи ҳамоиши тиҷорӣ-бонкии Эрон ва Аврупо дар Теҳрон, афзуд: Баъд аз соли 2015 ва иҷроӣ шудани БАРҶОМ, содироти Эрон беш аз 60 дарсад рушд дошт.

Ӯ изҳор кард: Кишвараш тавофуқи БАРҶОМ-ро ҷиддӣ медонад ва талош мекунад то бо мутааҳҳид мондан дар иҷрои он, нақши созанда ва фаъолеро байни Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо бар уҳда бигирад.

Ба гуфтаи вай, бар асоси охирин омори созмонҳои ҷаҳонӣ, рутбаи риски эътиборӣ ва иқтисодии Эрон аз 6 ба 5 расида, ки иттифоқи арзишманде аст.

Микаил Клорберштолд ибрози умедворӣ кард, барои пайвастани комил ва ҳақиқитари Эрон ба ҷомеаи иқтисодии ҷаҳон, масоили боқимонда ҳал шавад, то Эрон ва ҷаҳон ба манофеъ ва аҳдофи иқтисодии худ даст пайдо кунанд.

Шашумин давраи ҳамоиши тиҷорӣ-бонкии Эрон ва Аврупо аз рӯзи гузашта (шанбе) бо ҳузури мақомоти аршади пулӣ ва бонкии Эрон ва ширкатҳои мӯътабари аврупоӣ дар Теҳрон оғоз ба кор кардааст.

 

Барчасп

Апрел 29, 2018 14:41 Asia/Dushanbe
Назарҳо