• Кашфи фосили момут бо ду миллион сол қидмат дар Эрон

Ду қатъа фосили дандон ва бақоёе аз оҷ, фак ва орвораи фили момут бо синни ҳадди ақал ду миллион сол дар шаҳри Била савор-и вилояти Ардабил дар шимоли ғарби Эрон кашф шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, мудири кулли дафтари музейи таърихи табиӣ ва захираҳои  созмони муҳити зисти Эрон дар боздид аз маҳалли кашфи фосили фили момут гуфт: Ин фосилҳо марбут ба даврони куватернерӣ аст.

Тоҳира Ифтихорӣ бо баёни инки фосилҳои мушобиҳе низ дар кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон кашф шудааст афзуд: Ин созмон тасмим дорад бо анҷоми мутолиаҳои муштараке бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин мавзӯъ пардохта ва зистгоҳи ин мавҷудоти азимуҷуссаро дар Эрон мушаххас кунад.

Куватернерӣ бахше аз замонбандии заминшиносӣ аст, ки аз ҳудуди дувуним миллион сол пеш оғоз шуда ва ҳануз низ идома дорад.

Бар асоси ин гузориш, намунаҳои кашфшуда аз ин фосили фили момут ба момутҳои аз навъи бидуни пашм ва фили ҳиндӣ бо синни ҳадиақал ду миллион сол таъаллуқ дорад.

 

Июн 13, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо