• Муваффақияти муҳаққиқи эронӣ дар тавлиди намаки хӯрокӣ аз ҷулбаки дарёӣ

Муҳаққиқ ва донишомӯхтаи эронии риштаи зистшиносии дарё тавонист навъе намаки хӯрокӣ бо истифода аз ҷулбак (ҷомаи қурбоққа)-ҳои дарёӣ тавлид кунад, ки ба таври табиӣ миқдори кофии ёд ва маводи маъданӣ дорад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Марями Кавкабӣ дар ҷараёни баргузории дувумин мусобиқоти идеяи бозори дарёӣ дар устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон) изҳор дошт, ин намаки гиёҳӣ бо маншаи дарёӣ илова бар таъми шӯр, ба таври табиӣ ёд, маводи маъданӣ ва миқдори камтаре содиюм (натрий) дорад.

Кавкабӣ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба паҳншавии бемориҳои қалбиву уруқӣ (раг) ва фишори хун, ки яке аз далоили он масрафи зиёди намакҳои содиюмдор аст ва бо дар назар гирифтани ин ки имрӯза тамоюл ба истифода аз таркиботи табиӣ афзоиш ёфтааст, ин маҳсул метавонад ҷойгузини хубе барои масрафкунандагон ва мутахассисони тағзия бошад.

Мусобиқаи идеяи бозори дарёӣ бо меҳварияти савоҳили Макрон дар устони Ҳурмузгон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа се идеяи бартар - шомили моски сурати желатини дарёӣ, намаки хӯрокии дарёӣ ва истифода аз метоболитҳои сонавияи хиёри дарёӣ мақомҳои аввал то севумро касб карданд.

 

Июн 13, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
Назарҳо