• Паёми табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати Иди Фитр

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёмҳои ҷудогонае, Иди Фитрро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёмҳо ибрози умедворӣ кардааст, ба баракати ин иди саросар меҳр, раҳмат ва дар партави итоат аз фаромини илоҳӣ дар моҳи мубораки Рамазон, ҳамаи уммати исломӣ тавониста бошанд ба сафо ва покии фитрӣ, нахустини худ бозгашта ва беш аз пеш дар роҳи таоло ва камоли инсонӣ, гом бардоранд.

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кардааст, бо баҳрагирӣ аз омӯзаҳои иҷтимоии ин иди азиз, метавонем шоҳиди ҳамбстагӣ ва ҳамсадоии бештари мусулмонон дар мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ, иттиҳод ва якпорчагии онон дар муқобили аҳдшиканиҳо ва якҷонибагароиҳои султагарон ва барқарории сулҳ ва субот дар саросари гетӣ бошем.

Дар бештари кишварҳои исломии ҷаҳон, фардо (ҷумъа) аввали шаволи 1439 ҳиҷрии қамарӣ, иди Фитр аст.

Июн 14, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
Назарҳо