• Маҳкумияти рафтори ғайриахлоқии полиси Амрико бо тими волейболи Эрон

Вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон рафтори мақомҳои амрикоиро бо аъзои тими миллии волейболи Эрон ғайриусулӣ ва хилофи қавоиди байналмилалӣ хонд ва онро маҳкум кард.  

Дар баёнияи вазорат омадааст: Рӯҳи ҳоким бар варзиш тавъам бо эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи қаҳрамонон ва милали ҷаҳон аст ва рафтори тавҳиномези мақомоти амрикоӣ бо тими волейболи Эрон таҳти ҳеҷ шароите қобили тавҷеҳ нест.  

Полиси федерали Амрико FBI дар замони вуруди тими волейболи Эрон ба фурудгоҳи Чикаго, бозикунони тими Эронро бозрасӣ кард.

 

Барчасп

Июн 19, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
Назарҳо