• Сафири Шветсия дар Теҳрон: Хадамоти Эрон дар заминаи ҳимоят аз занон қобили ситоиш аст

Сафири Шветсия дар Теҳрон, гуфт: Эрон барномаҳои ҳимоятии зиёде аз занон ва хонавода дорад ва хадамоти Эрон дар ин замина қобили ситоиш аст.

Ҳелена Сангеланд дар ҳошияи боздид аз маркази мушовираи 1480 дар Теҳрон афзуд: Ироаи гузориш аз барномаҳои ҳимоят аз занон ва хонаводаи Эрон ба дарки беҳтаре аз хадамоти Эрон дар ин замина кумак мекунад.  

Лайло Фалоҳатӣ, мудири кулли умури байналмилали муовинати умури занони хонаводаи раёсатҷумҳурии Эрон низ гуфт: Лоиҳаи таъмини амнияти занон дар абъоди мухталифи ҳуқуқӣ ва қазоӣ дар Эрон тасвиб шуда, ки ҳимояти ҷомее барои занон аз пешгирӣ то бозтавониро шомил мешавад.

Маркази 1480, хати мушовираи тахассусии телефонӣ аст, ки аз сӯи Созмони беҳзистии Эрон роҳандозӣ шудааст ва коршиносони мутахассис дар ҳавзаҳои мухталиф, ба сурати ройгон мушовира ироа мекунанд.

 

Барчасп

Июн 27, 2018 19:27 Asia/Dushanbe
Назарҳо