• Амирабдуллоҳиён: Паёми Эрон ба Русия, фурсати муқобила бо таҳдидҳои муштарак аст

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал, паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раисҷумҳури исломии Эрон ба раисҷумҳури Русияро фурсате муносиб барои сомондеҳии муқобила бо таҳдидҳо ва таҳримҳои муштарак унвон кард.

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал имрӯз вориди Маскав шуд.

Вай дар бадви вуруд ба Маскав гуфт, ҳомили паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва раисҷумҳури исломии Эрон дар шароити ҳассос ва кунунии ҷаҳон ба Владимир Путин аст.  

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯ бо хабаргузории садо ва симо, бо ишора ба таҷрубаи муваффақи ҳамкории байни Эрон ва Русия дар мубориза бо терроризм, гуфт: Теҳрон ва Маскав нақши муҳиме дар нокомии Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа доранд.

 

Июл 11, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо