• Белгия бо шикасти Англия севум шуд

Тими миллии футболи Белгия дар дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 Русия, тими миллии Англияро шикаст дод ва унвони севуми ин рақобатҳоро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, ин дидор, ки асри рӯзи шанбе дар варзишгоҳи Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бозикунони тими миллии Белгия бо ироаи намоише тамошоӣ, тими миллии футболи Англияро бо натиҷаи ду бар сифр шикаст доданд ва дар ҷойгоҳи севуми Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 Русия истоданд.

 Тими доварии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муташаккил аз Алиризо Фағонӣ, Ризо Сухандон ва Муҳаммадризо Мансурӣ доварии ин дидорро бар уҳда дошт.

Тимҳои миллии футболи Хорватия ва Фаронса якшанбе 15 июл барои таъйини қаҳрамони бистуякумин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия ба масофи ҳам хоҳанд рафт.

 

Июл 15, 2018 08:18 Asia/Dushanbe
Назарҳо