• Зарари даҳмиллиарддолларии Аврупо аз таҳримҳои Эрон

Сафири Австрия дар Эрон аз зарару зиёни ширкатҳои аврупоӣ ба иллати коҳиши содирот ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Стефан Шултс гуфт, Иттиҳоди Аврупо то кунун ба иллати хисороти ношӣ аз коҳиши содирот ба бозорҳои Эрон ҳудуди даҳ миллиард доллар (ҳаштуним миллиард евро) зарар дидааст.

Вай ҳамчунин таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо ба дунболи тақвияти равобит бо Эрон ва идомаи хариди нафт аз Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Дар ҳамин ҳол, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи сешанбе эълом кард, аъзои ин иттиҳод қонуни мавсум ба масдуд кардани таҳримҳоро фаъол кардаанд, ки тибқи он хисороти ворида ба ширкатҳои аврупоӣ бар асари таҳримҳои Амрико ҷуброн ва ҳар гуна ҳукми додгоҳ алайҳи онҳо дар ин робита лағв мешавад.

 

Барчасп

Июл 18, 2018 11:48 Asia/Dushanbe
Назарҳо