• Содироти рӯзона 20 миллион доллар коло аз Эрон ба Ироқ

Ройзани бозаргонии Эрон дар Ироқ эълом кард: Дар чаҳор моҳи нахусти имсол (1397 шамсӣ) ба таври мутавассит ҳар рӯз 20 миллион доллар коло аз Эрон ба Ироқ содир шуд.

Носири Беҳзод, ройзани бозаргонии Эрон дар Ироқ гуфт: Дар чаҳор моҳи нахусти имсол мутавассити арзиши ҳар тонна колои содиршудаи Эрон ба Ироқ 527 доллар буд, ки нисбат ба миёнгини қимати колоҳои содиротии кишвар ба соири мақосиди содиротӣ 1.2 баробар аст.

Вай афзуд: Беш аз 50 дарсади содироти имсоли Эрон ба Чин, Иморот ва Ироқ сурат гирифт ва бештарин арзиши колоҳои содиротии Эрон ба мақосиди ҳадаф, марбут ба Ироқ аст.

 

 

Август 05, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо