• Рӯҳонӣ: Душман орзуи шикаст додани Эрон‏ро ба гӯр хоҳад бурд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Душман наметавонад Эронро шикаст диҳад ва ин орзу‏ро ба гӯр хоҳад бурд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон гуфт: Душман мехоҳад, зиндагии мардуми Эронро дучори мушкил кунад, аммо мардум ва масъулони Эрон бо ҳамкории якдигар иҷоза нахоҳанд дод, душман ба аҳдофи худ бирасад ва душман наметавонад миллати азим ва бузурги Эронро бо фишорҳои ғалат, ғайриқонунӣ ва бераҳмона шикаст диҳад.  

Рӯҳонӣ ба пешниҳоди амрикоиҳо барои музокира бо Теҳрон ишора кард ва гуфт: Эрон бо ҳамаи ҷаҳон дар ҳоли таомул ва музокира аст, аммо Амрико бо иқдомҳое, ки анҷом дода, шароити музокираро аз байн бурдааст.‏

 

Барчасп

Август 15, 2018 15:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо