• Раисҷумҳури Ироқ: Равобити Теҳрон-Бағдод дар сатҳи олӣ аст

Раисҷумҳури Ироқ таҳримҳо зидди ҷумҳурии исломии Эронро ба зарари давлат ва миллати Ироқ донист.

Фуад Маъсум, раисҷумҳури Ироқ дар бораи иқдоми якҷонибаи Амрико зидди Эрон ва аз саргирии таҳримҳо, гуфт: Ин таҳримҳо на фақат барои Ироқ, балки ба зарари тамоми кишварҳое аст, ки ба ҳамроҳи Амрико, тавофуқи БАРҶОМ-ро имзо кардаанд.

Раисҷумҳури Ироқ ба равобити Теҳрон ва Бағдод ишора ва тасреҳ кард, мумкин нест, Ироқ ба абзоре дар дасти Амрико алайҳи тарафе дигар табдил шавад.

 

Август 19, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
Назарҳо