• Қадрдонии мақоми Созмони милал аз фармони раҳбари муаззами инқилоб барои таҳсили кӯдакони афғон

Комиссари олии Созмони милал дар умури паноҳандагон тасреҳ кард: раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои таҳсили кӯдакони афғон дар Эрон аз ҷумлаи пешрафтатарин сиёсатҳо дар хадамотрасонӣ ба паноҳандагон маҳсуб мешавад.

Флипо Пранди афзуд: Сиёсатҳои Эрон барои ирои хадамот ба паноҳандагон метавонад ба улгуе барои соири кишварҳо табдил шавад.

Вай тасреҳ кард: Дар боздид аз ҳавзаҳои идории маркази хадамоти идории атбои хориҷӣ дар ғарби Теҳрон мушоҳида кардам тамомии паноҳандагоне, ки мадрак доранд, бо муроҷиа ба ин марказ метавонанд корҳои идории худро анҷом диҳанд.

Мақомоти Созмони милал борҳо бо қадрдонӣ аз хадамоти Эрон ба паноҳандагон таъкид кардаанд.

 

Сентябр 03, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо