• Ройзаниҳои Эрон ва Сурия дар чорчуби раванди музокироти Остона

Раванди Остона дар заминаи мубориза бо терроризм акнун ба мароҳили поёнӣ расидааст. Аммо дар заминаи бозсозӣ ва раванди сиёсӣ дар Сурия, ин раванд идома хоҳад дошт.

Аббоси Ироқчӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо телевизиони Эрон бо эъломи ин мавзуъ аз баргузории Нишасти сарони кишварҳои зомини раванди Остона (Эрон, Русия, Туркия) дар Теҳрон хабар дод.  

Дар Сурия акнун талошҳо дар масири поёни ҷанг ва барқарории амният дар ҳоли ба самар нишастан аст.

Нақши калидии Эрон дар ин ҷарён комилан машҳуд аст.  

Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси асли 154 Қонуни асосӣ, ҳимоят аз мустазъафини ҷаҳон дар баробари сиёсатҳо ва иқдомоти мустакбирон ва муздурони онҳоро ҷузъи вазоифи ин низом медонад.

Ироқ ва Сурия аз ҷиҳоти роҳбурдӣ аз аҳаммияти болое барои Эрон бархурдоранд.

Абъоди ин масъаларо метавон дар ду замина мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дод:

1-Нуфузи ғарб дар минтақа бо ҳадафи тазъифи ҷибҳаи муқовимат

2-Тақвияти мавқеияти Исроил бо рӯйкарди таҷзияи минтақа

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳамин нукта мегӯяд: Бо таваҷҷуҳ ба баргузории Иҷлоси сарони раванди Остона дар Теҳрон талош бар ин аст, ки шароити Идлиб ва хуруҷи террористҳо аз ин устон бо камтарин ҳазинаи инсонӣ анҷом шавад.

Доктор Саъдуллоҳи Зореӣ, раиси муассисаи мутолеоти андешасозони нур муътақид аст, “акнун Эрон ҷойгоҳи мустаҳкаме дар минтақа дорад ва ҳеҷ чиз наметавонад тағйире дар он эҷод кунад. Ин мавқеият албатта илова бар онки бар бунёни тавонмандиҳои зотӣ, геополотикӣ ва геофарҳангии Эрон устувор аст ба ҷибҳаое, ки Эрон конуни он шинохта мешавад, вобаста аст”.

Инки чи касоне бояд дар Сурия ҳузур дошта бошанд, давлати Сурия тасмим мегирад.

 

 

Сентябр 05, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
Назарҳо