Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Туркия дар бораи Сурия, вориди Теҳрон шуд.

Нишасти се ҷонибаи Теҳрон қарор аст, асри имрӯз (ҷумъа) бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия ва дар остонаи амалиёти артиши Сурия барои озодсозии Идлиб аз ишғоли террористҳо, дар Теҳрон баргузор шавад.

Идлиб яке аз манотиқи чаҳоргонаи коҳиши таниш дар Сурия аст, ки дар ҳоли ҳозир хориҷ аз ҳокимияти давлати ин кишвар қарор дорад.

Дар остонаи баргузории нишасти сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар Теҳрон бо мавзӯи буҳрони Сурия, намояндагони аршади ин се кишвар рӯз гузашта, бо якдигар дидор ва пешнависи санади Теҳронро барои ироа ба нишасти сарон омода карданд.

Дар пешнависи ин санад бар мавзӯи идомаи мубозира бо терроризм дар Сурия, зарурати бозгашти оворагони сурӣ ва сомондиҳии онҳо ва ҳамчунин мавзӯи табодули боздошт шудагон ва мафқудон (гумшудаҳо)-и ин буҳрон таъкид шудааст.

Нишасти Теҳрон сеюмин нишасти раванди Остона ё сулҳи Сурия аст, ки пеш аз ин, дар Русия ва Туркия баргузор шуд.

 

 

Сентябр 07, 2018 16:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо