• Равобити стратегӣ ва роҳбурдии Эрон бо Туркия ва Русия аз дидгоҳи раҳбари муаззами инқилоб

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри ҷумъа дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва ҳайъати ҳамроҳ, муҳимтарин ниёзи имрӯзи дунёи исломро наздикии ҳарчи бештари кишварҳои исломӣ ва ҳамафзоии онҳо донистанд.  

Эшон тасреҳ карданд, истикбор ва дар раъси он Амрико аз ҳамкорӣ ва наздикии кишварҳои исломӣ ва шаклгири як қудрати исломӣ нигарон аст.

Раҳбари муаззами инқилоб иллати душманӣ ва кинаварзии Амрико бо кишварҳои исломии дорои қудратро ҳамин нигаронӣ баршумурданд ва афзуданд: Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия ду кишвари обруманд ва қудратманди минтақа ҳастанд ва ангезаҳои муштараке барои дунёи ислом доранд, бинобарин бояд ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ беш аз пеш густариш ёбад.

Раҳбари муаззами инқилоб ҳамчунин дар дидори Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таъкид карданд, ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Русия метавонад дар масоили ҷаҳонӣ низ густариш ёбад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси БАРҶОМ мавзееро хоҳад гирифт, ки ба нафъи манофеъ ва иззати кишвар ва миллат бошад.

Эшон афзуданд: Агарчи амрикоиҳо феълан дар бораи Эрон, масоили мушакӣ ва масоили минтақаро матраҳ мекунанд, аммо масъалаи онҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон фаротар аз ин масоил аст.

Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд: амрикоиҳо 40 сол аст, ки мехоҳанд, решаи ҷумҳурии исломии Эронро бикананд, аммо мо дар ин муддат, беш аз чиҳили баробар рушда кардаем.

Муҳсини Покоин, сафири пешини Эрон дар Озарбойҷон бо таъкид бар аҳаммияти ҳамкориҳои сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия дар хусуси иқтисод ва масоили минтақа муътақид аст: Чунин нишастҳое, ки тасвире мусбат аз иштирокоти Русия, Туркия ва Эрон ироа медиҳад, навидбахши тақвияти ҳамгароиҳои минтақаӣ аст.

Аз ин дидгоҳ, суханони раҳбари муаззами инқилоб дар дидори раисҷумҳури Туркия ва Русия нишондиҳандаи аҳаммияти стратегӣ ва роҳбурдӣ будани ҳамгароии се кишвар дар маҷмуаи масоили сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дар минтақа аст.

 

Сентябр 08, 2018 15:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо