• Азми Покистон барои густариши ҳамкории иқтисодӣ бо Эрон

Вазири умури молӣ, даромад ва умури иқтисодии Покистон дар дидори сафири Эрон дар Исломобод, азми кишваршро барои тавсеаи ҳамкории иқтисодии дуҷониба бо Теҳрон эълом кард.  

Асад Умар, вазири умури молӣ, даромад ва умури иқтисодии Покистон дар дидори Маҳдии Ҳунардӯст, сафири Эрон дар Исломобод, аз Эрон ба унвони яке аз беҳтарин ҳамсоягони Покистон ёд кард ва афзуд: Исломобод барои рафъи мавонеи тиҷорӣ ва бозаргонӣ бо Теҳрон, тақвияти таомулот ва нишастҳои тиҷории дуҷониба, тамоми талоши худро ба кор хоҳад гирифт.

Маҳдии Ҳунардӯст низ дар ин дидор бо ташреҳи бархе мушкилот дар масири густариши ҳамкории тиҷории Эрон ва Покистон, рафъи мавонеи бонкӣ ва гумрукӣ ва ҳамчунин тасҳил ва тақвияти тиҷорати марзии байни ду кишварро хостор шуд.

 

Барчасп

Сентябр 08, 2018 19:30 Asia/Dushanbe
Назарҳо