• Эрон чиҳил сол пас аз пирӯзии инқилоб; истодагӣ бар ормонҳо

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззам инқилоб дар суханоне дар оғози соли 97 дар ҳарами имом Ризо дар Машҳади муқаддас; яке аз далелҳои мустаҳкам ва мондагории арзишҳои инқилоби исломӣ дар чиҳил солагии низоми Ҷумҳурии исломиро истодагӣ бар ормонҳои инқилоб донистанд.

Эшон бо ишора ба ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон дар бархе кишварҳои минтақа, ки бо хости давлатҳо ва миллатҳо анҷом шудааст хотирнишон карданд: Мо на зӯргӯӣ кардем ва на дахолат дар умури дохилии кишварҳо. Кумак хостанд ва мо кумак кардем ва ин кумакро ҳам бо ангезаҳои мантиқӣ ва бо муҳосибаҳои бисёр оқилона, ва на аз руи эҳсос анҷом додем.

Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси усули роҳбурдии худ ҳамвора ба дунболи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ будааст.

Ҷанг ва хушунат ҳаргиз дар Доктринаи низомии Эрон ҷое надошта ва надорад ва ҳамин мавзӯъ сабаб шудааст Эрони исломӣ бозигаре фаол дар заминаи сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бошад. Акнун чандин сол аст, ки гуруҳҳои террористӣ амниятро дар нимаи ғарбии Осиё ба шиддат ба чолиш кашидаанд. Дар ин миён Амрико ва бархе муттаҳидонаш аз ҷумла Британия ҳамгароиҳои амниятӣ дар минтақаро сахт ва ноҳамвор кардаанд.

Амрико бо ҳамроҳии бархе режимҳои мутаҷовиз таҳти унвони эътилоф барои мубориза бо терроризм ба ҷои муборизаи воқеъӣ бо террористҳо аз онҳо ҳимоят кардааст. Дар нуқтаи муқобили ин ҷараён Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони кишваре, ки дорои мавқеъияти стратегӣ дар минтақаи Ховари Миёна аст ба иҷрои нақши коромад ва таъсиргузор дар ҷиҳати эҷоди амният ва барқарории сулҳ аз тариқи  ҳалли буҳрони Сурия иқдом намудааст.

Эрон бо дифоъ аз ҳуқуқи миллатҳои мазлум ва радди ҳаргуна таҷовуз ва маҳкум кардани ҳар ҷанги таҷовузкорона ва ишғолгарӣ, ва аз тариқи иҷрои нақши фаол дар ҷунбиши набуди таъаҳҳуд дар ҷиҳати  эҷоди заминаҳои ҳамкорӣ ва тақвияти гуфтамони байналмиллалӣ ба манзури мубориза бо терроризм талош кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо пешниҳоди роҳбурдҳои дифоъӣ, субот ва танаввуъсозӣ вориди муодилаи ҳалли буҳрони Сурия шудааст.

Қадрдонии намояндаи Созмони Миллал аз талошҳои Эрон барои ёфтани роҳи ҳалли дипломатики поёни буҳрони Сурия

Стефан Димистура намояндаи  Созмони Миллал борҳо аз талошҳои Эрон барои ёфтани роҳи ҳалли дипломатики поёни буҳрони Сурия қадрдонӣ кардааст. Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон ба унвони ҳимояткунандаи давлати Сурия дар ин кишвар ҳузур дорад ва кумакҳои машваратиро то замоне, ки давлати Димишқ бихоҳад, идома хоҳад дод.

Эрон дар баробари дигар буҳронҳои минтақа аз ҷумла Яман ва дар ҷиҳати кумак ба ҳалли ранҷҳои мусулмонон дар Миянмар низ дар маҷмаъҳо ва нишастҳои байналмиллалӣ нақше масъулона иҷро кардааст.

Бар асоси санади чашмандози  уфуқи 20 сола ё 1404, Ҷумҳурии исломии Эрон бояд илҳомбахш, фаол ва таъсиргузор дар ҷаҳони Ислом бо мустаҳкам кардани  улгуи мардумсолории динӣ, тавсеъаи коромад, ҷомеъаи ахлоқӣ, навандешӣ ва пуёйии фикрӣ ва иҷтимоӣ, бар ҳамгароии исломӣ ва минтақа таъсиргузор бошад.

Ҷойгоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофиёии мунҳасир ба фарди Эрон дар минтақаи роҳбурдии ғарби Осиё ва ба таври куллӣ ҷаҳони Ислом сабаб шудааст Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони марҷаъи муҳими сулҳ ва амнияти минтақа ва байналмиллалӣ ба ҳисоб биёяд.

Эрон бо узвият дар созмонҳои муҳими байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Ҷунбиши ғайри  муттаъидҳо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои вобаста ба Созмони Миллал. нақши муҳимме дар масири амалисозии амнияти пойдор иҷро кардааст.

Талоши Эрон ба ҳифзи субот ва амнияти минтақа, ҷиддият ва  ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмиллалии Ҷумҳурии исломии Эронро барои тазмини амнияти пойдор намоён кардааст.

Таъсиргузории Эрон дар ҳалли буҳрони Сурия ва дар натиҷа мустаҳкам кардани заминаҳои сулҳу амният дар минтақаи Ховари Миёна натиҷаи ҳамин руйкардҳо будааст.

Руйкарди санҷида ва ҳисобшудаи Эрон дар баробари мубориза бо терроризми диишӣ дар Сурия ва Ироқ, ҳузури фаоли Эрон дар маҷмаъҳои минтақаӣ ва байналмиллалиро барои поёни хушунат дар ин ду кишвар тақвият кардааст.

Дар ҳамин чорчуб, дар декабри 2014 нахустин конфронси байналмиллалии ҷаҳон зидди хушунат ва экстремизм бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон, мақомоти баландпояи сиёсӣ, нухбагон ва андешмандони беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар Теҳрон баргузор шуд.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар нахустин конфронси байналмиллалии ҷаҳон зидди хушунат ва экстремизм 10 пешниҳод барои барқарории сулҳу амният ва мубориза бо хушунат дар сатҳи ҷаҳон пешниҳод кард.

Дипломасии эронӣ, шинохте дуруст ва саривақте аз фазои  буҳронии минтақа дорад

Пешниҳодҳое, ки раиси ҷумҳури Эрон дар чорчуби  таълимҳои созанда бо низоми ҷаҳонӣ барои поёни хушунат дар минтақа ва ҷаҳон дар нахустин конфронси байналмиллалии ҷаҳон зидди хушунат ва экстремизм дар Теҳрон матраҳ кард, нишондиҳандаи ин воқеъият аст, ки дипломасии эронӣ, шинохте дурусту саривақте аз фазои буҳронии минтақа дорад.

Таҳсини расонаҳои хориҷӣ аз сиёсатҳои Эрон дар заминаи барқарории сулҳ дар минтақа

Рӯзномаи Корея Ҳеролд-и Кореяи ҷанубӣ дар апрели 2016 дар мақолае аз  сиёсатҳои дар пешгирифташуда аз сӯи Эрон дар минтақа  тақдир кард.

Ҳеролд менависад: аз дидгоҳи кишварҳои мухталиф, масъулони эрони ташаббусҳое ҳам барои барқарории сулҳ дар кулли Ховари Миёна доштаанд, ки дар навъи худ ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

Маҷаллаи амрикоии Нашнал Интерест ҳам дар ноябри 2017 дар таҳлиле бо интиқод аз сиёсати "хусуматварзии ҳадиаксари"-и Вашингтон дар баробари Эрон навишт: мушорикати Теҳрон барои суботи минтақа зарурӣ аст.

Ин маҷаллаи амрикоӣ дар гузорише аз сиёсати хориҷии Вашингтон дар баробари Эрон интиқод карда ва менависад:Пайгирии назми амниятии таҳти раҳбарии Амрико дар Ховари Миёна, хуни амрикоиҳо ва сармояҳои ин кишварро ба ғорат бурдааст.

Ба рағми таваҷҷуҳи беш аз андозае, ки стратегистҳои амрикоӣ ба минтақа доранд, ин мудохилаҳои Амрико буда, ки маҳдудиятҳои қудрати ин кишвар яъне нотавониаш дар миллатсозӣ, муқобилаи таъсиргузор бо шуришҳои маҳаллӣ, бозгардонии назм ба минтақаҳои  бидуни ҳокимият, муқобила бо омилҳои таҳриккунандаи терроризм ва ҳамкорӣ бо ҳаркадом аз қудратҳои минтақаиро ба намоиш гузоштааст.

Аз нигоҳи  ин нашрия; ончи боис мешавад нотавонии Амрико барои муқобила бо чолишҳои Ховари Миёна осебзо шавад, набуди дурандешӣ дар миёни тасмимсозони ин кишвар аст, ки ба далели ривоятҳои нодурусте, ки онҳо дарёфт мекунанд, ташдид ҳам мешавад.

Аз замони вуқуъи инқилоби исломӣ, Доктринаи амнияти миллии Эрон бар расидан ба боздории таъсиргузор алайҳи таҳдидҳои таҳмилшуда аз сӯи Амрико ва Исроил ба минтақа будааст.

Гузорише аз сӯи Пентагон дар январи 2014 таъкид мекунад: Доктринаи низомии Эрон дифоӣ аст ва бар пешгирӣ аз ҳамла, давом дар баробари ҳамлаи аввалия, талофии ҳамлаҳои як гуруҳи мутаҷовиз, ҷустуҷуи роҳи ҳалли дипломатик барои хусуматҳо ва ҳамзамон дурӣ аз додани имтиёзи бидуни ба хатар андохтани манофеъи бунёдини худ, устувор аст.

Ин гузориш меафзояд: Эронро бояд ба унвони бозигаре калидӣ дид, ки мушорикаташ ҳамонанди дигар қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ барои пешбурди суботи минтақа зарурӣ аст.

Масъулони Эрон борҳо дар нишастҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар бораи амният ва сулҳи ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки барои пешбурди мубориза бо хушуунат ва экстремизм ва густариши фарҳанги сулҳ ва мудоро дар ҷаҳон иқдомоти асосӣ лозим аст.

Эрон на фақат барои Сурия балки барои Яман ва Лубнон ва Ироқ ҳам сулҳ мехоҳад ва анҷоми гуфтугӯҳое ба дур аз танишҳоро пешниҳод медиҳад.

 

Сентябр 09, 2018 13:42 Asia/Dushanbe
Назарҳо