• Таҷлили сафири Дания дар Теҳрон аз таваҷҷуҳи эрониҳо ба адабиёт ва таърихи худ

Сафири Дания дар Эрон, таваҷҷуҳи мардуми Эронро ба адабиёт ва таърихи худ сутуд.

Ба гузориши ИРНА, Дэнни Аннан рӯзи якшанбе дар дидори хонум Ашрафи Буруҷердӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон изҳор кард, эрониён мероси ифтихоромезе доранд ва талоши онон барои посдошти ин мерос, арзишманд аст.

Сафири Дания, ки ба ҷуз Эрон дар панҷ кишвари дигар низ фаъолияти дипломатӣ доштааст, афзуд, ҳеҷ куҷо монанди Эрон мардум барои адабиёт ва таърихи худ, чунин аҳамияте қоил намешванд.

Вай бо баёни инки равобити хубе байни донишгоҳҳо ва марокизи илмии Эрон ва Дания вуҷуд дорад, афзуд, идома ёфтани ҳамкории ду ҷониба барои густариши равобити илмӣ ва фарҳангӣ, зарурӣ аст.

Хонум Ашраф Буруҷердӣ низ дар ин дидор бо ишора ба ин ки фарҳанг метавонад муҳиммтарин дипломатия байни кишварҳо бошад, гуфт, ихтилофот байни инсонҳо аз гуфтугӯ накардан, ба вуҷуд меояд ва фарҳанг фурсати хубе барои гуфтугӯ фароҳам мекунад.

Буруҷердӣ ҳамчунин бар густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Дания таъкид кард.

 

Сентябр 10, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
Назарҳо