• Роҳандозии хати рейлии ҷадиди Чин ва Эрон

Хати рейлии ҷадиди миёни Чин ва Эрон роҳандозӣ шуд.

Чин дар тозатарин иқдом дар чорчуби барномаи Роҳи абрешими навин як хати рейлии хадамотӣ байни минтақаи худмухтори Муғулистони дохилӣ дар шимоли ғарб ин кишвар бо Эрон роҳандозӣ кард.

Ин хати рейлӣ, минтақаи худмухтори Муғулистони дохилӣ дар Чинро ба шаҳри Бам дар устони Кирмон дар ҷануби Эрон муттасил мекунад.

Агарчи тӯли ин масир наздик ба 9 ҳазор километр аст, аммо иртиботи байни дутарафро дар муқоиса бо таробрии дарёӣ то 20 рӯз коҳиш медиҳад.

Дар ойини ифтитоҳи ин хат, як қатори борбарӣ аз шаҳраки санъатӣ ва логистикаи минтақаи Муғулистони дохилии Чин ба самти Бами Эрон ҳаракат кардааст ва зарфи 15 рӯзи оянда вориди ин шаҳр хоҳад шуд.

Ин қатори борбарии ҷадид шомили 41 контейнер аст, ки таҷҳизоту мошинолот, қатаоти мошин ва лавозими ядакиро ҳамл мекунад ва арзиши ин маҳмула як миллиону 500 ҳазор доллар эълом шудааст.

 

 

Сентябр 10, 2018 21:07 Asia/Dushanbe
Назарҳо