• Қосимӣ: Эрон дар бораи амнияти худ кӯтоҳ нахоҳад омад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ҳифзи амнияти худ дар баробари террористҳо ҳаргиз кӯтоҳ нахоҳад омад.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи душанбе дар посух ба пурсише дар бораи ҳамлаи мушакии Эрон ба мавозеи террористҳо дар шимоли Ироқ афзуд, ин интихоби матлуби Эрон набуда ва нест, аммо таҳаррукоти террористҳо, бавижа ба шаҳодат расондани марзбонону сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ночор кард, ки иқдоми талофиҷӯёна ва боздорнда анҷом диҳанд.

Дар пайи шароратҳои моҳҳои ахири гурӯҳакҳои террористӣ аз минтақаи Курдистони Ироқ алайҳи манотиқи марзии Эрон Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе эълом кард, рӯзи шанбе дар амалиёти муваффақе маҳалли истиқрору ҷаласаи сарони яке аз гурӯҳакҳои ҷинояткор ва маркази омӯзиши террористҳои вобастаро бо ҳафт мушаки замин ба замини кӯтоҳбурд ҳадаф қарор додааст. Пеш аз ин низ дар июни соли 2017 Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар посух ба ҳамалоти террористии аносири вобаста ба ДИИШ дар Теҳрон мақарри фармондеҳии террористҳои ДИИШ-ро дар Дайруззури Сурия ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор дода буд.

 

Сентябр 11, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо