• Шуруи фаъолияти муҷаддади консулгарии Эрон дар Басра

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон аз бозгушоии муҷаддади консулгарии ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Басраи Ироқ хабар дод.

Баҳроми Қосимӣ гуфт: Баъд аз ҳодисаи талхи ҳамла ба консулгарии Эрон дар Басраи Ироқ, ки бо маҳкумияти теъдод бисёре аз шахсиятҳои сиёсӣ ва ғайрисиёсии ин кишвар ҳамроҳ шуд, дипломатҳои эронӣ билофосила бо истиқрор дар сохтмони муносиби ҷадиде фаъолияти худро оғоз кардаанд.  

Ҷумъа шаби гузашта гурӯҳе таҳти ливои эътироз ба авзои нобасомони хадамотрасонӣ, ба консулгарии ҷумҳурии исломии Эрон дар Басра таарруз карданд.

Дар асари ин таарруз, сохтмони консулгарии Эрон ба оташ кашида шуд.

Қосимӣ ҳамчунин ба дастҳои ошкор ва пинҳоне, ки дар садади тахриби равобити Эрон ва Ироқ ҳастанд, ҳушдор дод.

 

Барчасп

Сентябр 11, 2018 19:13 Asia/Dushanbe
Назарҳо